Тавассути Маркази барномаҳои байналмилалӣ беш аз 117 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа таҳсил намудааст

Август 22, 2025 09:37

ДУШАНБЕ, 22.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» аз соли фаъолият то имрӯз зиёда аз 117 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳсил ба 42 давлати ҷаҳон равон намудааст. Аз ин шумора 30 фоизро духтарон ташкил медиҳанд. Дар ин хусус зимни вохӯрӣ дар Маркази барномаҳои байналмилалӣ бо   донишҷӯёни тоҷике, ки тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар хориҷа таҳсил менамоянд, иттилоъ дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Маркази барномаҳои байналмилалӣ шуруъ аз соли 2008 фаъолият дошта, вазифаи асосии он интихоб, роҳнамоӣ ва фиристодани довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ тавассути стипендияҳо, грантҳо ва дигар барномаҳои байналмилалӣ мебошад.

Танҳо дар соли таҳсили 2024-2025 тибқи стипендияи «Дурахшандагон» 131 довталаб ба таҳсил ҷалб гардид.

Зимни вохӯрӣ доир ба ҷанбаҳои муҳими интихоби муассисаҳои таълимӣ, тартиби таҳияи ҳуҷҷатҳо, зарурати сатҳи хуби забондонӣ ва омодагӣ ба имтиҳонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла TOEFL, IELTS ва Duolingo маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 22, 2025 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид