«Tojiktelecom» сарпарасти расмии мусобиқаи бонуфузи байналмилалии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ — CAFA Nations Cup 2025 гардид
ДУШАНБЕ, 22.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Провайдери миллии интернетии «Tojiktelecom» сарпарасти расмии мусобиқаи бонуфузи байналмилалии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ — CAFA Nations Cup 2025 гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Директори тиҷоратии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Tojiktelecom» Ҷамшед Бобоалиев иброз намуд, ки «Ҷоми CAFA Nations 2025 имконияти хуб барои нишон додани хислату неру ва муттаҳид намудани мухлисон ва эълон кардани қудрати футболи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Сарпарасти ин мусобиқа будан ва дастаи миллии худро дар роҳи пирӯзӣ дастгирӣ намудан барои «Tojiktelecom» боиси ифтихор аст».
Бояд гуфт, ки имсол дар ин мусобиқа 8 даста ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Ба гурӯҳи А Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Уммон ва ба гурӯҳи В Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон дохил мебошанд.
Майдони Ҳисор ба саҳнаи бозиҳои муҳими тими миллии Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт. Футболбозони мо бо дастаҳои Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон бозӣ намуда, мухлисон аз тамошои бозии шавқовари дастаҳо лаззат хоҳанд бурд.
Тибқи ҷадвали бозиҳо, 29 августи соли равон тими футболи Тоҷикистон-Ҳиндустон, 1 сентябр Афғонистон-Тоҷикистон, 4 сентябр Тоҷикистон-Эрон ва 8 сентябр бозӣ барои мақоми ҷои сеюм дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Ширкати «Tojiktelecom» бо шарикӣ дар ин мусобиқа на танҳо дастаи мунтахаби мамлакатро ҳамроҳӣ менамояд, балки барои мухлисони саросари ҷумҳурӣ фазои ягонагӣ, эҳсосот ва неруи фаромӯшношудании футболро фароҳам меорад.
АКС: АМИТ «Ховар»










ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






