Ҳунарҳои мардумӣ бо усули «хона ба хона» ва «маҳалла ба маҳалла» тарғиб карда шуданд

Август 31, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 31.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон оид ба захираи маводи озуқаворӣ, соҳибкасб гардонидани аҳолӣ, бахусус занону духтарон, роҳбарият ва масъулини ноҳияи Синои пойтахт бо усули «хона ба хона» ва «маҳалла ба маҳалла» бо шароити зиндагӣ ва захираи маводи ғизоии сокинони маҳаллаи Шараф барои фасли зимистон шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иттилоъ медиҳад.

Иброз гардид, ки духтарону занони ин маҳалла ҳунару маҳорати худро дар кадбонугӣ, пухтани нонҳои гуногун ва таомҳои миллӣ, инчунин омода намудани афшура ва консерваҳо аз сабзавоту меваҷот, ки барои фасли зимистон захира мегарданд, муаррифӣ намуданд.

Чунин шиносоӣ дар маҳаллаҳо тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино доир шуда, ҳадафи он тарғиби анъанаю ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи хӯрокҳои миллӣ, захираи хӯрокворӣ барои мавсими зимистон ва таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино

Август 31, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад