Вазири маориф ва илм бо ҷараёни даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 14.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 август Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо ҷараёни баргузории даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад.
Вазири маориф ва илм бо ҳайати ҳакамон, иштирокчиён ва падару модарони онҳо суҳбат намуд. Зимни суҳбат Вазири маориф ва илм аз ташаббуси беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузории ин озмун ёдовар шуда, онро яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани маърифату саводнокӣ дар ҷомеа арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки ин озмун на танҳо завқи китобхонӣ ва маърифати хонандагонро боло мебарад, балки дар тақвияти худшиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо саҳми арзанда мегузорад. Вазир ҳамчунин ба падару модарон барои заҳмат ва талошҳояшон дар тарбияи фарзандони босаводу донишманд изҳори сипос намуд.
Ёдовар мешавем, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 2 январи соли 2025 ба имзо расид.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд






