Зиёда аз 36 ҳазор хонандагони синфҳои ибтидоии Тоҷикистон бо хӯроки гарм таъмин мегарданд
ДУШАНБЕ, 30.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол зиёда аз 36 ҳазор хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар 94 муассисаи таълимии мамлакат ҳамарӯза бо хӯроки гарм таъмин мегарданд. Дар ин хусус зимни баргузории ҳамоиш оид ба ташкил ва идораи ғизои мактабӣ маълумот дода шуд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вилояти Хатлон 40 муассиса, дар вилояти Суғд 24 муассиса, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 муассиса, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15 муассиса ва дар шаҳри Душанбе 7 муассиса бо ғизои мактабӣ таъмин мегарданд.
Ҳифзи солимии кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ғизои мактабӣ барои баланд бардоштани давомот дар мактабҳои ибтидоӣ воситаи самаранок эътироф гардидааст. Ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбуди аҳолӣ буда, «Барномаи давлатии ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» барои беҳтар намудани солимии аҳолӣ, аз ҷумла солимии кӯдакону наврасон таҳия ва қабул гардидааст.
Аз соли 2022 маблағгузории буҷетӣ барои ғизои мактабӣ пайваста афзоиш меёбад. Соли 2024 зиёда аз 11,6 миллион сомонӣ барои таъмини 25 ҳазор хонанда дар 55 муассисаи таълимӣ ҷудо гардид, ки зиёда аз 80 фоизи он амалӣ шуд.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 маблағгузорӣ ба 18,8 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2024 60 фоиз зиёд аст.
Дар ҷараёни ҳамоиш вобаста ба бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи соҳа, аз ҷумла таъмини мактаббачагон бо ғизои солим аз ҷониби иштирокчиён таклифҳои муфид пешниҳод гардиданд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






