35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист 4 бинои маъмурӣ ба истифода дода мешавад

Сентябрь 21, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 21.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, барои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат  ба таври илова 4 бинои маъмурӣ бо харҷи зиёда аз 40 миллион сомонӣ ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 сентябр зимни суханронӣ дар назди  кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ибрози назар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 17 сентябр барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ду бинои 11-ошёнаи истиқоматӣ барои 120 оила бо арзиши 59 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки роҳбарият ва ҳар корманди соҳаро зарур аст, ки бо истифода аз шароиту имконияти муҳайёгардида вазифаҳои хизматиро бо дарки баланди масъулият иҷро намоянд. Ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмин намудани амнияти экологӣ вазифаи бисёр муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Зеро дар даҳсолаҳои охир бо сабаби истифодаи бенизоми сарватҳои табиӣ экосистемаҳо таназзул ёфта, идома ёфтани ин ҳолат боиси мушкилоти ҷиддии экологӣ мегардад.

Бинобар ин ҳифзи муҳити зист, гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ амалӣ кардани чораҳои таъхирнопазир ва муассирро тақозо менамоянд. Дар ин замина танзим ва идораи муносибати инсон бо табиат тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ зарур мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 21, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд