35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Левакант коргоҳи истеҳсоли хишт ба истифода дода мешавад

Сентябрь 28, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 28.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Левакант аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хусрав сохтмон» сохтмони коргоҳи истеҳсоли хишт идома дорад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ соли 2024 оғоз гардидаанд ва иншоот то ҷашни истиқлол ба истифода дода мешавад. Дар ин коргоҳ беш аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳ баъди ба истифода додан дар як шабонарӯз 60 ҳазор хишт буда, дар як сол ин омор ба 21 миллион дона хишт мерасад.

Ҳадафи асосии сиёсати саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббус ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, таъмини истиқлоли иқтисодӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат мебошад.

Таваҷҷуҳи хосса ба рушди соҳаи саноат имкон медиҳад, ки захираҳои табиӣ самаранок истифода гардида, маҳсулоти ватанӣ бо сифати баланд истеҳсол ва ба бозорҳои дохилию хориҷӣ пешниҳод карда шавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Сентябрь 28, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад