ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ ГӮШТ ДАР ТОҶИКИСТОН 10 ФОИЗ ЗИЁД ГАРДИД. Чаро нархи гӯшт дар бозори истеъмолӣ пайваста боло меравад?

Сентябрь 24, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 24.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, дар моҳҳои январ — августи соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда (бо вазни зинда) дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 164 055 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  10,3 фоиз зиёд мебошад. Афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 11,9 фоиз, Суғд 11,6 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2,3 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5 фоиз зиёд гардидааст. Бо вуҷуди зиёд гардидани истеҳсоли гӯшт нархи он дар бозорҳои истеъмолии мамлакат пайваста боло меравад.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 сентябри соли 2025 дар ҳама категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калони шохдор 2 миллиону 851 ҳазор сарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  146,8 ҳазор сар ё 5,4 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 7 миллиону 449,3 ҳазор сарро ташкил дода, 388,9 ҳазор сар ё 5,5 фоиз афзудааст. Аз саршумори умумӣ 93,9 фоизи саршумори чорвои калони шохдор ва 82,1 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Бояд гуфт, ки сарфи назар аз афзоиши истеҳсоли гӯшт ва саршумори чорво дар Тоҷикистон нархи он низ баланд гардидааст.  Соли 2018 як кило гӯшт ба ҳисоби миёна 40 сомонӣ нарх дошт, имрӯз он аз 75 то ба 100 сомонӣ расидааст.

Сардори Раёсати чорвопарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Ҳабиб ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки  зиёд шудани саршумори чорво ба нархи гӯшт таъсир намерасонад. Зеро арзиши аслии гӯшт дар дӯконҳои гӯштфурӯшӣ ба хароҷоти он вобастагӣ дорад. Яъне, арзиши хӯроки чорво сол то сол баланд мегардад.

Убайдулло Ҳабиб мегӯяд, ки ба танзим даровардани нархи гӯшт ба зиммаи дигар мақомот, аз ҷумла Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вазорати кишоварзӣ сиёсати аграрии мамлакатро пеш мебарад ва барои истеҳсолоти гӯшт ҷавобгӯ мебошад.

«Вазорати кишоварзии мамлакат вобаста ба иқтидор сол то сол истеҳсоли гӯшт ва дигар маҳсулоти кишоварзиро зиёд менамояд. Таносуби рушд аз 6 то 7 фоизро ташкил медиҳад. Агар нархи хӯроки чорво паст шавад, саршумори чорво ва маҳсулоти он зиёд гардад, эҳтимол аст, ки нархи гӯшт ба танзим даромада, пасттар шавад. Набояд фаромӯш кард, ки солҳои охир  нархи маҳсулоти гӯштӣ ва махсусан гӯшт дар бозорҳои истеъмолии давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Узбекистон ва Қирғизистон низ баланд гардида, ба пули мо аз 105 то 110 сомониро ташкил медиҳад»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Сардори Раёсати чорвопарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз омилҳои баланд гардидани нархи гӯштро ба он рабт дод, ки  дар фасли тобистон чорво ба чарогоҳ бурда мешавад. Убайдулло Ҳабиб афзуд, ки «ҳамасола нархи гӯшт дар фасли тобистон боло меравад. Бо баргардонидани чорво аз чарогоҳ нархи гӯшт дар бозори истеъмолии мамлакат эҳтимол пасттар шавад ё аз болоравӣ нигоҳ дошта шавад. Соли 2024 дар мамлакат  416 ҳазор тонна гӯшт (бо вазни зинда) истеҳсол гардид. Агар 50 фоизи онро гӯшти тоза ҳисоб намоем, сабади истеъмолии мо 101 фоиз иҷро гардидааст».

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, барои як нафар дар як сол 42,7 килограмм гӯшт муайян карда шудааст. Аз ин 18 килограммаш гӯшти мурғ мебошад.

Ба таҳлили коршиносон, барои афзун намудани истеҳсоли гӯшт ва дастрас гардидани нархи он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бояд фермаи махсуси парвариши говҳои зотӣ, махсусан говҳои зотии гӯштӣ ба роҳ монда шавад. Чорвоҳое, ки имрӯз  дар дасти аҳолӣ ва фермерон ҳастанд, зоти гӯштӣ нестанд. Агар онҳоро панҷ сол ҳам парвариш кунӣ, аз 100 – 150 кило зиёдтар гӯшт намедиҳанд. Бо ин зотҳо мо ҳеҷ гоҳ аҳолиро бо гӯшт пурра таъмин карда наметавонем. Барои истеҳсоли гӯшт ҳам бояд корхонаи алоҳида  фаъолият намояд. Коргоҳе, ки тавонад моро пурра бо гӯшт таъмин намояд.

Барои ба роҳ мондани чунин фермаҳо  бояд аз ҷониби Ҳукумати мамлакат имтиёзҳо низ пешбинӣ гарданд, то тавонем аҳолиро, барои  мисол  бо гӯшти мурғ ва ё гӯшти чорвои ватанӣ таъмин намоем. Коршиносон таҳлил намудаанд, ки агар дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат ақаллан яктоӣ фермаи говҳои зоти гӯштӣ бо 40 – 50 сар ва корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво  фаъолият намояд, аҳолӣ бо гӯшти истеҳсоли худӣ  таъмин гардида, ҷойи кор низ фароҳам мегардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 24, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сари вақт расонидани ёрии аввалин беморро метавонад аз марг наҷот диҳад
Соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд
САДА — ОЙИНИ МЕҲР ВА ОЗОДИСТ. Ин ҷашн аз замонҳои қадим дар байни гузаштагони мо аҳамияти бузург дошт
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид