Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ, ки аз 10 то 11 сентябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Форум бо мақсади таҳкими равобити дӯстӣ ва ҳифзи роҳу абзорҳои пойдории сулҳу ваҳдат бо иштироки намояндагони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ доир шуд.
Форум ба дастгирии ташаббусҳои ҷавонон барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва таҳкими муколамаи байнифарҳангӣ нигаронида шуд.
Ҷавонони тоҷик дар самтҳои асосии форум — «Устувории экологӣ ва рақамӣ: огоҳии иқлим, стартапҳои сабз, технологияҳои рақамӣ», «Ҷавонон ва сулҳ: нақши ҷавонон дар пешгирии низоъ, волонтёрӣ, муколамаи байнифарҳангӣ», «Инноватсия ва соҳибкорӣ: стартапҳои ҷавонон, технологияҳо барои саломатӣ ва рушд» баромад намуда, мавқеи устувори Тоҷикистонро дар заминаи иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати пешоҳанги ҳалли масъалаҳои муҳим дар саросари сайёра арзишманд арзёбӣ намуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






