Ҳайати Тоҷикистон таҷрибаи Донишкадаи дипломатия ва робитаҳои хориҷии Малайзияро мавриди омӯзиш қарор дод
ДУШАНБЕ, 07.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти Донишкадаи дипломатия ва робитаҳои хориҷии Малайзия (Institute of Diplomacy and Foreign Relations – IDFR) шинос шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни шиносоӣ ҳайати Тоҷикистон бо самтҳои калидии фаъолияти таълимии муассиса, аз ҷумла барномаҳои бозомӯзии кадрии вазорату идораҳои давлатии Малайзия, омӯзиши дипломатияи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва мардумӣ, инчунин барномаҳои таҳқиқотӣ ва нашри маҷаллаҳои илмӣ шинос гардид.
Зимни мулоқот бо роҳбарияти институт имконияти густариши ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла ташкили барномаҳои мубодилавӣ, табодули таҷриба байни ниҳодҳои таълимии дипломатии ҳарду давлат ва ба роҳ мондани ташаббусҳои муштарак дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ карда шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд






