Ҷаласаи Гурӯҳи коршиносони миллӣ барои омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобили низоми муайян доир шуд

Сентябрь 16, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 16.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Гурӯҳи коршиносони миллӣ барои омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобили низоми муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Гурӯҳи коршиносони миллӣ мутобиқи банди 1.3 «Нақшаи чорабиниҳо доир ба омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобили низоми МҚД/МТ/МПСҚО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027», ки аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 июли соли 2025 тасдиқ шудааст, ташкил гардида, ба ҳайати он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат дохил мебошанд.

Дар ҷаласа масъалаҳо доир ба стандартҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ), раванди даври сеюми баҳодиҳии мутақобили низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО ва Нақшаи чорабиниҳо доир ба омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобили низоми МҚД/МТ/МПСҚО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027 баррасӣ гардиданд.

Аъзои Гурӯҳи коршиносони миллӣ ба омӯзиши талаботи тавсияҳои ФАТФ ва тартиби гузаронидани даври сеюми баҳодиҳии мутақобили Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм фаро гирифта шуда, дар ҷамъоварии маълумот, мусоҳиба ва вохӯриҳо бо баҳогузорон иштирок менамоянд. Дар интиҳои ҷаласа аъзои Гурӯҳи коршиносони миллӣ даъват карда шуданд, ки барои аз даври навбатии баҳодиҳии мутақобил муваффақона гузаштани ҷумҳурӣ масъулияти баланди касбӣ нишон дода, дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ фаъолият намоянд.

Дар айни замон дар доираи Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм даври сеюми баҳодиҳии мутақобил оғоз гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он солҳои 2026-2027 мегузарад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Сентябрь 16, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд