Ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии хизмати ҳарбӣ доир шуд

Сентябрь 22, 2025 10:17

ДУШАНБЕ, 22.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи навбатии комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2025 ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ҷаласа ба ҳозирин дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муҳлати муайян ва бо сифати баланд таъмин намудани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ расонида шуд.

Барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» бояд дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шавад. Зеро хизмат ба Ватан вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.

Иброз карда шуд, ки имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари беҳтар гардидани шароити маишии афсарону сарбозон ҳамзамон дар қисмҳои ҳарбии ҳама сохторҳои низомии мамлакат шароити хуби будубош ва адои хизмат фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз ҳар ҷавони худогоҳу хештаншинос ва поквиҷдону боиродаро зарур аст, ки вазифаи аввалиндараҷаи хеш- хизмат ба Ватанро вазифаи шаҳрвандию инсонии худ дониста, ин рисолати бузурги ҷавонмардиро бо масъулияти баланд иҷро намояд.

Бо назардошти ин ва вазъи пешгӯинашавандаи ҷомеаи имрӯза ҳар шаҳрванди мамлакатро зарур меояд, ки ба қадри дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан расад, зеро дар ҳама давру замон, махсусан дар шароити имрӯза таъмини амният, суботи сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ вазифаи муқаддас ва пуршараф аст.

Дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, пешгирии ҳолатҳои қонуншиканию кирдорҳои коррупсионӣ, инчунин муносибати дуруст бо аҳолӣ, васеъ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум, санҷиши дақиқ ва муоинаи дурусти тиббӣ, амалӣ намудани муқаррароти моддаи 34–и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз масъалаҳои муҳими ҷаласа буданд, ки мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 22, 2025 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо Вазири давлатии Вазорати мудофиаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Вернон Коаке мулоқот намуд
Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд