Аз 1 октябр молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ ва содиротӣ тавассути низоми «АСИКУДА-и ҷаҳонӣ» ба расмият дароварда мешаванд

Сентябрь 22, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 22.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 1 октябри соли  2025 молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ ва содиротӣ тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон   «АСИКУДА-и ҷаҳонӣ»* ба расмият дароварда мешаванд. Чунин иттилоъ додааст Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни  фаъолияти иқтисодии хориҷӣ.

Тадбири навбатӣ дар доираи иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамикунонии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва мутобиқгардонии расмиёти гумрукӣ ба стандартҳои байналмилалӣ андешида шудааст.

Системаи «АСИКУДА» бо назардошти имконоти технологияи рақамӣ чун тарҳи навтарин низом ва услуби корро самаранок мегардонад. Дар ин самт аллакай аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи моддию техникӣ муҳайё гардида, бо шарикон ба таври густурда ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.

Рушди технологияи муосир ва хизматрасонии замонавии электронӣ тақозои замон аст. Дар Тоҷикистон низ барои дастрасии фарох ба он, аз ҷумла дар соҳаи гумрук имконият ба роҳ монда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо пешоҳангӣ шинохта шудааст. Дар раванди ҷаҳонишавӣ имрӯз Тоҷикистон дастовардҳои хос дошта, бо назардошти рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла муҳайё сохтани имконоти боз ҳам бештару беҳтари хизматрасонӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Масалан, ҳадафҳо дар самти татбиқи ҳукумати электронӣ, ки ин тасмим бо мақсади мукаммалгардонии кору хизматрасониҳо пеш гирифта шудааст, дар як вақт бо таъмини суръат ва сифат иҷрои амалҳои зуруриро таъмин менамояд, ки ин ҳам вақт ва ҳам  хароҷотро коҳиш хоҳад дод.

Барои муносибгардонии назорати гумрукӣ ва суръат бахшидан ба равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ аз молворидкунандагон дар шакли электронӣ тавассути ин низоми иттилоотӣ манзур намудани маълумоти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ на дертар аз ду соат қабл аз расидани онҳо ба сарҳади гумрукӣ талаб карда мешавад.

Гузариш ба истифодаи низоми иттилоотии «АСИКУДА-и ҷаҳонӣ», ки аксари қисматҳои он ба таври худкор ва бо истифода аз унсурҳои зеҳни сунъӣ амал менамоянд, барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиётро таҳти ҳамаи расмиёт ва низомҳои гумрукӣ фаро гирифтааст. Он ба содагардонӣ ва шаффофияти расмиёти гумрукӣ, тақвияти назорати гумрукӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ мусоидат намуда, дар самти рақамикунонии равандҳои гумрукӣ ва густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ марҳилаи муҳим маҳсуб мешавад.

___________

*АСИКУДА – (Automated System for Customs Data) -низоми  автоматикунонидаи маълумоти гумрукии системаи компютерие аст, ки аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд барои идоракунӣ ва рушди гумрукии давлатҳои ҷаҳон  таҳия карда шудааст.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 22, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд