БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ДУШАНБЕ, 08.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард. Мо дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Дар робита ба он тавсифҳои истиқлолиятро аз суханҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди хонандагон менамоем.
— Истиқлолияти давлатии мо ҳанӯз дар оғози роҳ ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ягон кишвари нав мустақилшудаи собиқ давлати абарқудрат дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буд.
***
Муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.
***
Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлолият ва озодӣ арзиши нахустин ва бисёр азизу муқаддас дар ҳаёти ҳар шахси огоҳу бонангу номус ва шарти муҳимтарини зиндагии шоистаи ҳар фарди Ватан мебошад.
***
Таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад.
***
Гузашти вақт беш аз пеш собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа, рушди озодона ва сарбаландии ҳар фарди он маҳз ба истиқлолияту озодӣ ҳамчун кафолати асосии бақои миллатҳо вобастагии мустақим дорад.
***
Барои пойдории истиқлолияти навин ва ҳифзи якпорчагии давлати ҷавони соҳибистиклоламон зарур буд, ки қувваҳои мусаллаҳи миллӣ таъсис дода, тамоми сохторҳои низомиву қудратӣ аз нав барқарор карда шаванд.
***
Яке аз аввалин тадбирҳои муҳимме, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, қабул шудани Конститутсия ва дар заминаи он ташаккул ёфтани низоми нави қонунгузории мамлакат буд.
***
Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар миқёси собиқ давлати абарқудрат яке аз аввалинҳо шуда, бо азму иродаи мардуми мамлакат аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, аз ҷумлаи бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ гардид.
***
Дар даврони истиқлолият низоми самараноки мақомоти ҳокимияти иҷроия ташкилу такмил ёфта, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти онҳо фароҳам оварда шуданд.
***
Маҳз истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки мо низоми иқтисодии аз ҷониби ҷомеаи мутамаддин пазируфташударо интихоб кунем ва ба хотири зина ба зина беҳтар намудани зиндагии мардумамон рушди устувори ҳамаи соҳаҳоро таъмин гардонем.
***
Мо дар роҳи ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати муосиру пешрафта нақши ҷавононро хеле муҳим медонем ва минбаъд низ кӯшиш мекунем, ки вазъи иҷтимову иқтисодии наслҳои наврасу ҷавонро беҳтар гардонем ва барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо тамоми шароити заруриро муҳайё созем.
***
Дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва рушди давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ масъалаи мақому мартабаи зан мазмуни нав касб намуда, зимни ислоҳот ба нақши зан дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат эътибори ҷиддӣ дода шуд.
***
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон зиёда аз даҳ ҳазор нафар духтарони ноҳияву деҳоти дурдаст бо квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда, имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат саҳми фаъол мегузоранд.
***
Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо назардошти он ки миллати солим асоси ҷомеаи солим мебошад, дар сохтори тандурустии мамлакат низ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.
***
Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон наврасону ҷавононе ба камол расиданд, ки имрӯз мо бо ҳисси миллӣ ва садоқати онҳо ба Ватан, инчунин бо сатҳи илму дониш, одобу ахлоқ ва саъю талоши ин насл воқеан ифтихор мекунем.
***
Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати ҷавононро яке аз масъалаҳои муҳими стратегӣ ва бехатарии давлат эълон кардааст.
***
Дар раванди таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ масъалаи ташаккули инсони солиму донишманд, мутахассиси сатҳи баланд ва ташаббускору бунёдкор аҳаммияти хоса дорад.
***
Орзуманди он ҳастам, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон то абад устувору поянда бошад!








СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд






