«БА ХОНАНДАГОН АХЛОҚИ НЕК ВА ОДОБУ РАФТОРИ НАМУНАВӢ МЕОМӮЗОНЕМ!». Бардошт аз оғози соли нави таҳсил

Сентябрь 1, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 01.09.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар саросари Тоҷикистон дар фазои идона, бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ ва эҳсоси ифтихор аз фарорасии бузургтарин ҷашни таърихи нави давлатдориамон — 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли нави таҳсили 2025-2026 оғоз ёфт. Баробари дигар муассисаҳои таълимии мамлакат дар  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, ки навбунёд аст, Рӯзи дониш пуршукуҳу хотирмон таҷлил карда шуд.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 Робия Одинаева иброз намуд, имсол дар ин муассиса беш аз 255 хонанда ба синфи якум қадам ниҳод.

«Дар ин муассиса тамоми шароиту имконоти таҳсил муҳайё гардидааст.  Бинои муассиса дорои 64 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш, аз ҷумла 26 кабинети фаннӣ, мебошад. Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, технологияи меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва лингафонӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, дар ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон заминаи мусоид мегузоранд»,-гуфт ӯ.

Иброз гардид, ки кӯдак мисли дарахти навниҳолест, ки ниёз ба ғизою нигоҳубин дорад. Бачаҳои мо низ дар ин синн ҳамеша ба таълиму тарбия ниёз доранд. Тарбия яке аз рукнҳои асосии рушду такомули кӯдакон ба ҳисоб меравад. Ва мо ба хонандагони хурдсоламон тарбияи ҳамида, ахлоқи нек ва одобу рафтори намунавӣ меомӯзонем.

«Вақте кӯдак ба мактаб меояд, ӯ бояд аз рӯи шавқу рағбат ва меҳри беандоза ба омӯзиш машғул шавад, на бо зорию таваллои волидайн ё аз тарси муаллимон. Мактаб зинаи нахустинест, ки кӯдак ба дунёи муносибатҳои нав қадам мегузорад. Аллакай фаъолияти ҷисмониаш бештар мегардад, ҷаҳонбиниаш васеътар мешавад, барои ӯ ҳама чиз нав ва ғайриодӣ менамояд. Дар ин давра дар кӯдак ҳисси кунҷковӣ ва ҷустуҷӯ оғоз мешавад»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ёдовар мешавем, ки 21 августи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки 192-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот дар доираи таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлат ба соҳаи маорифу таълиму тарбияи насли наврас ва иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт бунёд гардидааст.

Бинои муассисаи таълимӣ аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1450 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.  Иншоот бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба зарфияти муосир бо сифати баланд сохта шуда, синфхона ва дигар кабинетҳои фаннӣ бо таҷҳизот ва аёнияти дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи наву замонавӣ Пешвои миллат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд.

Вобаста ба талаботи муосир муассиса дорои зиёда аз 70 компютери пайваст ба шабакаи байналмилалии интернет мебошад. Инчунин озмоишгоҳҳои фаннӣ ва китобхона бо теъдоди 10 ҳазор нусха адабиёт, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо асбоби мусиқӣ барои рушди ҷаҳонбинии муҳассилин пешбинӣ гардидааст.

Дар иншооти наву замонавӣ барои инкишофи зеҳни кӯдакон, азхуд кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар низ шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба истифодаи самарабахши имконоти фароҳамшуда, омӯзиши илмҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва расидан ба қадри дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёди биноҳои нав, ворид намудани технологияи муосир барои омӯзиш ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон ба таъмини имрӯзу фардои босаодати насли наврас равона карда шудааст. Аз ин лиҳоз таълимгирандагонро зарур аст, ки хонанд, илм омӯзанд, соҳибкасбу забондон ва вориси шоистаи гузаштагони хеш бошанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифи таърихи халқи тоҷик» конференсия баргузор шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон омӯзиши забони ҳиндӣ баррасӣ гардид
Корманди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи «Мутахассиси муносибатҳои байналмилалии сол –2025» гардид
Ғолибони «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» муайян гардиданд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ ва алгоритмҳои зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» рамзи эҳтиром ба заҳмати омӯзгор аст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
ҚОНУН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Қабули он далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба тарбиятгарони насли наврас аст
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи хонандагони синфҳои 11 оғоз гардид
ТАВАҶҶУҲИ ХОССА БА СОҲАИ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар мавриди самтҳои асосии ин соҳаи муҳим
Густариши ҳамкории илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Корея баррасӣ шуд