Ба кормандони соҳаи барқи пойтахт 5 мошини барқӣ тақдим карда шуд

Сентябрь 23, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 23.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе соҳиби 5 воситаи нақлиёти барқии тамғаи BYD e2 гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5 воситаи нақлиёти барқӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ба ин филиал тақдим гардид.

Ин нақлиёт ба шабакаҳои барқи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва хадамоти озмоишгоҳ дода шуданд. Дастрас намудани 5 воситаи нақлиёти барқӣ ба филиалҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва сари вақт бартараф намудани садамаҳои технологӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 23, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд