Ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Академияи миллии илмҳо ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд

Сентябрь 2, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз академия.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки «ҳамасола оғози соли нави таҳсил ҳамчун Рӯзи дониш  ба таври анъанавӣ дар саросари мамлакат ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни бошукуҳ бо иштирок ва суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад. Чанд рӯз пеш  мо шоҳиди суханронии Президенти мамлакат зимни ифтитоҳи боз як бинои нави муассисаи таҳсилоти олӣ-Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гардидем. Баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба мо илҳому таровати тоза оварда, барои ноил гаштан ба дастовардҳои нави илмию таҳқиқотӣ моро ҳидоят менамояд ва дар хотираи ҳар яки мо нақши муҳим мегузорад».

Таъкид шуд, ки зимни суханронӣ Пешвои миллат аз мушкилот ва дастовардҳои соҳаи маорифи мамлакат ёдовар шуда, барои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ин радиф бо мақсади таъмини босифати хонандагону донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ дастур доданд, ки Академияи миллии илмҳо дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои дахлдор Консепсияи таҳияи китобҳои дарсиро аз нав баррасӣ ва ба Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Ҳамчунин Сарвари  давлат таъкид намуданд, ки зарур аст китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ пеш аз нашр аз ташхиси олимони Академияи миллии илмҳо гузаронида шаванд. Мо боварии комил дорем, ки имруз неруи ақлонию илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баъди ба тасвиб расидани нақшаи чорабиниҳо ба таҳияи ин консепсия оғоз, рӯйхати ташхисгарони китобҳои дарсиро вобаста ба равия ва самтҳо омода намуда, сари вақт барои тасдиқ пешниҳод менамоянд.

Раёсати Академияи миллии илмҳо роҳҳои самарабахши илмию таҳқиқотиро ҷустуҷӯ намуда, тадриҷан ба муваффақияти назаррас ноил мегардад. Давра ба давра бо ибтикори раёсати академия озмоишгоҳҳои наву замонавӣ сохта, мавриди истифодаи ҳайати кормандону унвонҷӯён ва аспирантону докторантон қарор дода мешаванд.

Инкишофи босуръати техника ва технологияи муосир ба  мутахассисони баркамол ниёз дошта, бе чунин имконот рушди босуботи ҷомеаро таъмин намудан аз имкон берун аст. Аз ин ҷост, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду вохӯриҳояшон бо аҳли зиё ба соҳаи илму маориф аҳамияти ҷиддӣ дода, ҳамеша насли ояндаро ба омӯзиши ҳамаҷонибаи илмҳои замонавӣ, аз ҷумла забонҳои хориҷӣ даъват менамоянд.

Олимони академия доир ба моҳияти баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ сухан гуфта, нақши илму донишро дар ҷомеа муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт ҷаласа баргузор гардид
Маркази «Ганҷинаи ҳунаристони маърифат ва фарҳанги миллӣ» ба фаъолият оғоз намуд
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Дар Хуҷанд сохтмони бинои иловагии гимназияи рақами№4 оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
«ИЛМ — АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИЯ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи XI байналмилалии илмӣ доир шуд
Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмун доир шуд
Дар Хатлон доир ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо ғизо вохӯрӣ баргузор гардид
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия тақвият меёбад
Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд