Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир шуд

Сентябрь 4, 2025 10:23

ДУШАНБЕ, 04.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр дар шаҳри Душанбе ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Таҳкими истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ — ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки ба фишору таҳдид ва таъсири абарқудратҳо танҳо миллате истодагарӣ карда метавонад, ки Сарвари боору номус, сиёсатмадори зираку хирадманд ва нотарсу далер дошта бошад. Чунин роҳбару сарвар барои миллати тоҷик- Президенти Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки тамоми ҳастиашонро ба истиқлоли мамлакат, Ваҳдати миллӣ ва шукуфоии миллат бахшида, миллату давлатро аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшиданд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода гуфт, ки аз замонҳои қадим тоҷикон бо хиради оламсоз ва таъриху фарҳанги нодир, бо ҳиммати ҷонфидоӣ ва ақлу шуури худ пайваста дар масири таъриху саҳнаҳои ҷаҳонӣ номи худро нигошта, ҳамчун миллати соҳибтамаддун, соҳибхирад, озодидӯст ва боадолат боқӣ мондаанд.

Дар ҳамоиш собиқадорони ҳизбӣ ва фаъолон бо медали «30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2025 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд