Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» аз суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми соҳибфарҳанги тоҷик ҷашни муҳиму фархунда ва тақдирсоз ба шумор меравад. Он ҳамасола дар саросари Ватани азизамон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки дар ташаккул ва таҳаввули таърихи миллати сарафрози тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири ҷумҳурии соҳибихтиёр, эҳёи падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои бузург намудаанд.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Хусусан, ташаббус ва пешниҳодоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои мубрами умумибашарӣ, махсусан обу иқлим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ ҳамовозии амиқ пайдо намуда, дар ин маврид қатъномаҳо қабул гардиданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш кормандони дастгоҳи суд барои фаъолияти софдилона бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






