Байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Маркази таълимии касбӣ-техникии ноҳияи Чинду шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 19.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр вохӯрии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода бо ҳайати намояндагони соҳаи маорифи ноҳияи Чиндуи шаҳри Сяняни Чин таҳти роҳбарии ҷонишини котиби кумитаи ноҳияи Чиндуи Ҳизби Коммунистии Чин Лю Ханг доир гардид. Вохӯрӣ ба густариш додани ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳо ва муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин нигаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зоир Раҳмонзода ин вохӯриро дар тақвияти ҳамкории мутақобили судманд қадами муҳим арзёбӣ намуда, меҳмононро бо дастовардҳои таълимию илмӣ ва доираи васеи ҳамкорӣ бо созмону ташкилоти байналмилалии донишгоҳ барои татбиқи лоиҳаҳо, бахусус дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, саноати сабук ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ шинос намуд. Инчунин омодагии роҳбарияти донишгоҳро барои ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба дар самти пешбурди таҳқиқоти илмӣ, мубодилаи академӣ, таъсиси озмоишгоҳҳо барои татбиқи зеҳни сунъӣ, робототехникаю мехатроника ва иштирок дар озмунҳои грантии Ҷумҳурии Мардумии Чин баён дошт.
Меҳмонон доир ба имконияти марказҳои таълимии касбӣ-техникӣ ва рушди саноати рушдёбандаи ноҳияи Чинду барои ташкили мубодилаи академӣ, ба роҳ мондани сафарҳои омӯзишии дутарафаи муҳаққиқон, идомаи таҳсили донишҷӯён, ҳамкории саноатӣ ва роҳҳои дигари вусъат бахшидани ҳамкорӣ пешниҳодҳо манзур намуданд. Инчунин аз ҷониби меҳмонон роликҳои тарғиботии шаҳри саноатии Чинду ва Маркази таълимии касбӣ-техникӣ намоиш дода шуданд.
Сипас, байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Маркази таълимии касбӣ-техникии ноҳияи Чинду шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд






