Беш аз 300 таълимгирандаи Донишкадаи ҳарбӣ савганди садоқат ба Ватан ёд намуд
ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон маросими савгандёдкунии беш аз 300 нафар таълимгирандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ рост омадааст, ба таври бошукуҳ ва мувофиқ ба талаботи оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар ин ҳамоиши пуршукуҳи низомӣ ҷавонони далеру матиниродае, ки имтиҳонҳои дохилшавӣ ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро муваффақона супорида, сазовори номи донишҷӯ гаштаанд, бо тантана Савганди ҳарбӣ ёд карданд. Ин маросим ифодагари садоқату вафодории ҳар донишҷӯ ба халқ, ҳифзу ҳимоя ва хизмати содиқона ба Ватан мебошад.
Афсарони ояндаи марзу буми Ватан зимни ёд намудани Савганди ҳарбӣ дар назди ҳозирин мувофиқ ба талаботу муқаррароти он ва ҳамчун ҷавонони содиқу сарбаланди диёр бо аҳди ҷавонмардона қавл доданд, ки савганди ёднамудаи худро дар раванди таҳсил ва минбаъд дар ҷараёни фаъолияти пурмасъулият пос медоранд. Ҳамзамон дар таъмини зиндагии осоишта, пойдории сулҳу субот ва ваҳдати комили ин сарзамини аҷдодӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Масъулини Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар назди ҳайати шахсӣ ва дигар иштирокчиёни ҷамъомади тантанавӣ вобаста ба таъкидҳои пайвастагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф аз аҳамияти бузургу таърихии он дар ҳамаи давру замон ёдоварӣ намуданд. Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф ва таълиму тарбияи ҷавонон, алалхусус кадрҳои баландихтиссоси соҳаи низомӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, маърифатнок намудан ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати маорифпаваронаи Сарвари давлат мебошад.
Чорабинии бошукуҳу тантанавӣ дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа бо баровардани Байрақи ҷангӣ аз майдони баргузории ҷамъомад ва гузашти низомию қадамзании тантанавори афсарону курсантони ин боргоҳи илмии низомӣ ба поён расид.
АКС: маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад






