«CAFA Nations Cup 2025». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Эрон бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 04.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» бозии ниҳоияшро доир мекунад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бозии тимҳои миллии Тоҷикистону Эрон дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 20:30 баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» дар гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби Тоҷикистон ду бозӣ анҷом дод.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз тими мунтахаби Ҳиндустон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, бар тими Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардид.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






