Дар Бӯстон оид ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолият ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – пешоҳанги ваҳдату субот ва кафили пойдории Истиқлолияти давлатӣ» ҳамоиши ҳизбӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш оид ба нақши ҳизб дар таҳкими истиқлолият, ваҳдату субот ва пойдории давлат ибрози андеша карда шуд.
Иброз гардид, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати оқилона ва барномавӣ ҳамеша барои таҳкими ваҳдат, пойдории истиқлол ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа роҳнамоӣ ва роҳбарӣ менамоянд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун рукни асосии ваҳдат ва суботи ҷомеа ҳамеша дар таҳкими истиқлол, ҳифзи манфиатҳои мардум ва пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷомеа саҳми арзанда мегузорад.
Президенти Тоҷикистон борҳо таъкид намудаанд, ки истиқлолият сарчашмаи саодату сарбаландии давлат ва миллати мост. Маҳз истиқлолият ба мо имконият дод, ки дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо намоем ва ҳамчун ҷумҳурии соҳибихтиёр бо сиёсати сулҳҷӯёна шинохта шавем.
Инчунин аз таърихи пурифтихори халқи тоҷик, махсусан аз асарҳои бузурги миллӣ, ба мисли «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ёдоварӣ карда шуд. Гуфта шуд, ки дар ин асар муҳаббат ба Ватан, ифтихори миллӣ, шуҷоат ва ростқавлӣ ҳамчун рукнҳои асосӣ муаррифӣ гардидаанд. Ҳар қаҳрамон ва рӯйдоди таърихии «Шоҳнома» моро ба ҳиммат, ваҳдат ва талош барои пойдории арзишҳои миллӣ ҳидоят менамояд. Асар имрӯз низ ҳамчун сарчашмаи маънавӣ ва илҳоми созанда барои ҳар фарди ватандӯст хизмат мекунад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






