Дар Бонки миллии Тоҷикистон бозомӯзии кормандони бонкҳои марказии аъзои Шурои бонкҳои марказии АвруОсиё доир гардид

Сентябрь 28, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 28.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади бозомӯзии кормандони бонкҳои марказии (миллии) аъзои Шурои бонкҳои марказии (миллии) АвруОсиё дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Маблағгузории шарикӣ (бонкдории исломӣ) дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон» семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар семинари омӯзишӣ намояндагони бонкҳои марказӣ аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок намуда, зиёда аз 250 нафар намояндагони бонкҳои марказии кишварҳои АвруОсиё ба он тариқи фосилавӣ пайваст гардиданд.

Дар машғулият ба иштирокдорон оид ба асосҳои маблағгузории исломӣ, заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои танзим ва назорати фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ, таърихи татбиқи бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши стандартҳои байналмилалии Шурои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ (IFSB) ва стандартҳои Ташкилоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) ва рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоҳо пешниҳод гардиданд.

Иштирокдорон изҳор доштанд, ки ташкили чунин семинарҳои омӯзишӣ дар таҳкими муносибатҳои мақомоти танзим ва назорати бонкии байни давлатҳо нақши муассир мегузорад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1400 то 11.1787 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5749 то 9.6500 сомонӣ муқаррар шудааст