Дар деҳаҳои ноҳияи Айнӣ муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бунёд карда мешаванд

Сентябрь 14, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 14.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ тасмим дорад дар ҳар деҳае, ки зиёда аз 100 хоҷагӣ дар он зиндагӣ менамояд, муассисаи таҳсилоти томактабӣ бунёд намояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти ин ноҳия хабар медиҳад.

Дар ин замина дар деҳаи Томин, яке аз деҳаҳои калонтарини Ҷамоати деҳоти Айнӣ сохтмони кӯдакистони муосир оғоз гардид. Тибқи нақша, ин муассиса дуошёна буда, барои 60 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Иншооти нав бо тамоми шароити муосир бунёд гардида, дорои ҳуҷраҳои таълимӣ, утоқҳои хоб, толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ ва техникиву беҳдоштӣ хоҳад буд. Лоиҳаи сохтмон аз ҷониби Корхонаи фаръии «Лоиҳакаш» таҳия шуда, фармоишгари он хоҷагии деҳқонии «Истиқлол» мебошад. Корҳо бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва сокинони саховатпешаи деҳа амалӣ мегарданд.

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо изҳор дошт, ки раванди сохтмон бо ҷиддият пеш меравад ва бинокорон аллакай ба корҳои ошёнаи дуюм оғоз кардаанд. Таъкид шуд, ки чунин иқдоми созанда ба тарбияи насли худшинос, ватандӯст ва дар руҳияи бунёдкорӣ парваришёфта равона гардида, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми арзанда мегузорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Сентябрь 14, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд