Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷашни истиқлолро таҷлил намуданд

Сентябрь 5, 2025 16:41

ДУШАНБЕ, 05.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки соли таъсиси он ба соли Истиқлоли давлатӣ рост меояд, имрӯз бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази омода намудани   мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир табдил ёфтааст.Чунин иброз намуд Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ Убайдулло Асрорзода изҳор намуд, ки Истиқлоли давлатӣ  рамзи ифтихору сарбаландӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдату озодӣ буда, бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои устувори давлатдории миллӣ гузошта шуданд.

Бо шарофати истиқлол Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор намуда, бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ, махсусан дар масъалаҳои об, муҳити зист, сулҳ ва рушди устувор мавқеи намоён касб намуд.

Дар ҷараёни ҷамъомади тантанавӣ як зумра омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ барои саҳми арзанда дар рушди соҳа, тарбияи ҷавонон ва корҳои ободонию созандагӣ бо Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҷамъомади тантанавӣ бо барномаи фарҳангии иборат аз  суруду таронаҳои ватандӯстона ва тараннумгари истиқлол фазои идонаро пуршукуҳ намуд.

 

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Сентябрь 5, 2025 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд