Дар Душанбе ҷаласаи Котиботи «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Америка» дар қолаби С5+1 баргузор гардид

Сентябрь 5, 2025 10:49

ДУШАНБЕ, 05.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Котиботи «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Америка» дар қолаби С5+1 бо иштироки масъулини аршади вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои минтақа ва котиботи давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни нишаст иштирокчиён вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди қолаби мазкури ҳамкориро баррасӣ карданд. Бахусус роҷеъ ба пешниҳоду тасмимҳои ҷонибҳо дар мавриди таҷлили 10-солагии қолаби С5+ИМА, таҳкими талошҳо дар самти дипломатияи иқтисодӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Форуми B5+1 оид ба пешбурди робитаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва Муколамаи маъданҳои муҳим, инчунин такмили фаъолияти ҳамоҳангсозии Котиботи С5+1 вобаста ба танзими нишастҳои вазирони корҳои хориҷӣ ва гурӯҳҳои кории соҳавӣ табодули назар анҷом дода шуд.

Намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ҳамчунин ҷузъиёти рӯзномаи чорабиниҳои нақшавиро муҳокима намуда, омодагии кишварҳояшонро барои тавсеа бахшидани шарикӣ дар ин қолаб изҳор доштанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 5, 2025 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд