Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз ёфт

Сентябрь 3, 2025 08:31

ДУШАНБЕ, 03.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябр ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқаи байналмилалӣ бо ҷалби беш аз 100 нафар варзишгарон аз 6 давлат – Тоҷикистон, Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус оғоз шуда, то 4 сентябр идома меёбад.

Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои варзишгарони тоҷик мактаби таҷриба ва ирода буда, имконият медиҳад Парчами давлатии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон баланд бардошта шавад.

Давоми солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи варзиш ва дастгирии варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат иқдоми муфид ба роҳ монда шуд.

Чанд сол аст, ки бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ доир карда мешавад. Ин боис мегардад, ки варзишгарони беҳтарини мо бо маҳораташон Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2025 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд