Дар Фархор бинои иловагии муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд

Сентябрь 14, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 14.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи «Куҳандиёр»-и ноҳияи Фархор бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор хабар доданд.

Бинои нав дуошёна ва дорои 10 синфхонаи таълимӣ буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Сохтмони муассисаи таълимӣ соли 2024 оғоз гардида, дар ошёнаи якуми бино кабинетҳои фаннии физика, география, химия, Маркази  инкишофи барвақтии кӯдак ва дар ошёнаи дуюми он ҳуҷраи кори директори муассиса, синфхонаи компютерӣ ва хонаи омӯзгорон ҷойгир шудааст.

Шароити хубу замонавӣ муҳассилинро водор месозад, ки таҳсилро хуб идома дода, дар баробари омӯзиши забони давлатӣ забонҳои хориҷӣ- русӣ, англисӣ ва технологияи муосирро аз худ намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор

Сентябрь 14, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид