Дар Фархор бинои иловагии муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 14.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи «Куҳандиёр»-и ноҳияи Фархор бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор хабар доданд.
Бинои нав дуошёна ва дорои 10 синфхонаи таълимӣ буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Сохтмони муассисаи таълимӣ соли 2024 оғоз гардида, дар ошёнаи якуми бино кабинетҳои фаннии физика, география, химия, Маркази инкишофи барвақтии кӯдак ва дар ошёнаи дуюми он ҳуҷраи кори директори муассиса, синфхонаи компютерӣ ва хонаи омӯзгорон ҷойгир шудааст.
Шароити хубу замонавӣ муҳассилинро водор месозад, ки таҳсилро хуб идома дода, дар баробари омӯзиши забони давлатӣ забонҳои хориҷӣ- русӣ, англисӣ ва технологияи муосирро аз худ намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор








Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






