Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Мавлоно барномаи фарҳангӣ баргузор мешавад

Сентябрь 30, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 30.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 18:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати Рӯзи Мавлоно барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Барномаи фарҳангӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар маҳфил Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Умар Темур сурудҳоро аз ашъори мондагори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ замзама менамояд.

Ёдовар мешавем, ки 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мебошад. Ба ин муносибат дар мамлакат конфронс ва ҳамоишҳо баргузор мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 30, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад