Дар Хуҷанд доир ба нақши иқтисоди рақамӣ дар саноатикунонӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Нақши иқтисоди рақамӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҳамоиш баррасии дурнамо, мушкилот ва имконияти иқтисоди рақамӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва нақши он дар рушди устувори иқтисодию саноатии Тоҷикистон мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Иброз гардид, ки иқтисоди рақамӣ имрӯз ба унвони яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди ҷаҳонӣ эътироф гардида, татбиқи он дар Тоҷикистон низ ҷузъи муҳими сиёсати иқтисодии давлат аст.
Саноатикунонии босуръати мамлакат, ки ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст, танҳо дар асоси ворид намудани технологияҳои рақамӣ ва истифодаи имконияти иқтисоди рақамӣ амалӣ шуда метавонад. Аз ҳамин лиҳоз, зарур аст, ки ҳар муассисаи таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар тарбияи мутахассисони соҳибмаҳорати ин самт саҳми босазо гузорад.
Иқтисоди рақамӣ ҳамчун омили муҳими пешрафти босуръати иқтисод ва саноатикунонӣ дар замони муосир мавқеи калидӣ дошта, тақвияти ҳамкории илмӣ ва амалии байналмилалӣ дар ин самт барои Тоҷикистон ва минтақа аҳамияти хосса дорад.
Конфронси байналмилалӣ бо муҳокимаи васеъ, саволу ҷавоб ва мубодилаи таҷрибаи илмии мутахассисон ҷамъбаст гардид.
АКС: Маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






