Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав бинои хобгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ШАҲРИНАВ, 28.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав бинои наву замонавии хобгоҳ барои духтарони ятим мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Бинои хобгоҳ барои духтарони ятими мактаб-интернат дар доираи корҳои созандагию бунёдӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва маблағгузории Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» бунёд гардид.
Хобгоҳ аз ду ошёна, утоқҳои барҳаво ва катҳои замонавӣ иборат буда, дар он тамоми шароит барои бошандагон муҳайё карда шудааст. Аз ҷумла, хобгоҳ дар фасли зимистон тавассути буғхона бо гармӣ таъмин карда мешавад.
Иброз гардид, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбат ба ятимону бепарасторон ғамхорӣ зоҳир ва барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо беҳтарин шароит муҳайё менамоянд. Ҳамзамон онҳоро барои омӯхтани касбҳои гуногун ва оғоз намудани зиндагии мустақил роҳнамоӣ менамоянд. Туҳфа гардидани бинои хобгоҳи замонавӣ ба ятимони ин даргоҳ нишонаи сиёсати муваффақи Сарвари давлат дар ин самт мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






