Дар ноҳияи Роштқалъа иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 04.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бо иштироки роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон якчанд иншооти хизматарсонии ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Дар маркази ноҳияи Роштқалъа дорухонаи замонавӣ, инчунин дар деҳаи Сежд майдончаи варзишӣ ва хати оби нӯшокӣ ба истифода дода шуданд. Хати оби нӯшокӣ ба масофаи 17 км кашида шуда, 103 хоҷагиро бо оби ошомидании тоза таъмин менамояд.
Дар деҳаи Шошбувад низ хати оби нӯшокӣ аз масофаи 20 км кашида шудааст. Ҳамзамон дар деҳаи Рубот дорухонаҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар арафаи остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар вилоят натиҷаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти мамлакат ба рушду ободии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон арзёбӣ мегардад.
АКС: Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






