Дар Ню-Йорк таҷрибаи муваффақи Тоҷикистон оид ба баргардонидани занону кӯдакон аз урдугоҳҳои Сурия муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва Роҳбари гурӯҳи корӣ вобаста ба баргардонидани занону кӯдакони тоҷикистонӣ аз урдугоҳҳои Ҷумҳурии Арабии Сурия ба ватан Зубайдулло Зубайдзода дар «Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баргардонидани ашхос аз урдугоҳи Ал-Ҳоли Ҷумҳурии Арабии Сурия ва боздоштгоҳу урдугоҳҳои атрофи он», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Ироқ ва дар ҳамкорӣ бо Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳошияи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, Зубайдулло Зубайдзода таҷрибаи муваффақи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба баргардонидани занону кӯдакон аз урдугоҳҳои Сурия муаррифӣ кард.
Таъкид гардид, ки маҳз бо ташаббусу роҳнамоӣ ва ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар се соли охир (2022, 2023 ва 2024) се амалиёти муваффақона анҷом дода шуд. Дар натиҷаи он зиёда аз сесад нафар занону кӯдакони тоҷик аз урдугоҳҳои Ал-Ҳол ва Роҷи минтақаи шимолу шарқии Ҷумҳурии Арабии Сурия ба ватан баргашта, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи пойдори мамлакат дубора ба ҳаёти ободу осоишта пайвастанд.
Имрӯзҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои дуру наздик аз таҷрибаи нодир ва муваффақонаи Тоҷикистон истифода бурда, дар роҳи расидан ба ҳадафҳо комёб мегарданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






