Дар палатаи поёнии Парлумон бахшида ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд

Сентябрь 5, 2025 16:02

ДУШАНБЕ, 05.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 34-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки иннстиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басе сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзиш аст. Он халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид.

«Маҳз таҳти роҳбариву роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи заҳмати содиқонаю ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд, мамлакати мо дар арсаи ҷаҳон эътирофи  ҳамагонӣ  касб кард. Муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти тамоми  соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд»,-баён дошт Файзалӣ Идизода.

Дар ин марҳилаи таърихӣ рамзҳои муқаддаси давлатӣ:  Конститутсия, Нишону Парчам ва Суруди миллӣ қабул гаштанд, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат ба танзим дароварда шуданд, парламенти касбӣ таъсис ва дипломатияи парламентӣ густариш ёфт.

Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди давлати миллӣ ва густариши истиқлолияту озодӣ хеле бузург аст.

Таъмин намудани рушди устувор ва босуръати мамлакат танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷониба талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба ифтихори ин ҷашни мубораку фархунда – 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд нафар кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 5, 2025 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад