Дар Рӯзи дониш бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсили 2025-2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иштирок намуда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёну устодон ва кулли кормандони донишгоҳро бо оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, ба онҳо дар самти таҳсил, таҳқиқот ва фаъолияти илмиву амалии минбаъда комёбиҳои нав таманно намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиши тантанавӣ таъкид шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил дар ҷумҳурӣ тадбирҳои фарогир андешида, ба рушди илмҳои замонавӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Дар ҳамоиш ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода аз таваҷҷуҳу дастгирии ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд. Гуфта шуд, ки ифтитоҳи соли нави таҳсил бо иштироки намояндаи воломақоми Ҳукумати мамлакат бозгӯи равшани таваҷҷуҳи давлат ба рушди соҳаи маориф, сайёҳӣ ва соҳибкорӣ мебошад.
Роҳбарият ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон минбаъд низ барои баланд бардоштани сифати таълим, тақвияти иқтидори илмӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон талошҳои пайгирона менамоянд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон











Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад






