Дар Сеул байни китобхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Сентябрь 25, 2025 19:30

ДУШАНБЕ, 25.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Ҷумҳурии Корея- шаҳри Сеул маросими имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Корея баргузор гардид. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафи ин санад аз таҳкими ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба, рушди лоиҳаҳои муштарак, дастрасии мутақобил ба захираҳои китобхонагӣ ва густариши робитаҳои фарҳангию илмӣ байни ду давлат  иборат мебошад.

Тибқи Ёддошти тафоҳум, ҷонибҳо дар татбиқи барномаҳои омӯзишӣ, ташкили намоишгоҳҳо, чорабиниҳои илмӣ-амалӣ ва рақамисозии маводи китобхонагӣ ҳамкорӣ менамоянд.

Имзои Ёддошти тафоҳум қадами муҳим дар роҳи тақвияти робитаҳои фарҳангию илмӣ байни Тоҷикистон ва Корея арзёбӣ шуда, барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкории фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Корея «Гӯшаи фарҳангии Корея» таъсис дода шудааст. Ин гӯша аввалин маротиба соли 2013, дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Фонди Институти Подшоҳии Сеҷонг дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд. Созишномаи ҳамкорӣ ба муддати панҷ сол амал мекард.

Баъдан, соли 2019, дар ҷараёни сафари Сарвазири Ҷумҳурии Корея ба Тоҷикистон Ёддошти нави тафоҳум байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Сафорати Корея ба имзо расид. Дар асоси ин созишнома гӯшаи Корея навсозӣ гардида, то имрӯз фаъолият дорад.

Дар «Гӯшаи фарҳангии Корея» на танҳо хонандагони тоҷик, балки меҳмонони хориҷӣ низ бо фарҳанги мардуми Корея шинос мегарданд.

АКС: Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад