Дар шаҳри Турсунзода ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

Сентябрь 8, 2025 10:20

ДУШАНБЕ, 08.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни пурифтихору таърихӣ — Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Раиси шаҳр Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки соҳибистиқлолӣ имкон дод роҳи имрӯзу фардои миллатро муайян намоем ва барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим корҳои созандаву бунёдкориро анҷом диҳем.

Ӯ таъкид кард, ки бо азму талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон рӯз ба рӯз беҳтар мегардад.

Дар фарҷом як зумра собиқадорон ва фаъолон барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати Пешвои миллат ва иҷрои корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо медали давлатии «Хизмати шоиста», Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар арафари ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Лабиҷуйи ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №95 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки бинои мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ дар муддати кутоҳ бунёд шуда, аз 4 синфхона, утоқи омӯзгорон ва маҷлисгоҳ иборат мебошад.

Синфхонаҳо бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ таъмин гардида, барои хонандагон шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон дар остонаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Қаратоғ муассисаи томактабии замонавӣ бо номи «Олами афсона» ба истифода дода шуд. Муассисаи мазкур, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст, барои то 100 кӯдак шароити хуби таълиму тарбия фароҳам меорад.

Ифтитоҳи чунин иншооти маорифӣ иқдоми навбатии амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Сентябрь 8, 2025 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд