Дар Теҳрон Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид

Сентябрь 10, 2025 15:03

ДУШАНБЕ, 10.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон чорабинии идона бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд.

Дар ҳамоиш донишҷӯён, соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар Эрон зиндагӣ ва фаъолият доранд, иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ оид ба дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол давоми 34 сол ибрози назар карда, нақши бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими пояҳои истиқлолият, ташаккули давлатдории миллӣ, густариши худшиносии таърихии тоҷикон ва афзоиши обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ чун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳони имрӯза таъкид намуд.

Сипас, шоирон Фарзонаи Хуҷандӣ, Озарахш ва Шоҳмансури Шоҳмирзо дар васфи Тоҷикистон, истиқлолият ва Пешвои миллат шеърҳои худро қироат карданд, ки мавриди истиқболи аҳли нишаст қарор гирифтанд.

Дар чорабинӣ наворҳои видеоӣ доир ба рушду тавсеаи Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ва сурудҳои хонандагони маъруфи тоҷик дар тараннуми Ватан, миллат ва Истиқлол пахш гардиданд. Ҳамчунин ба таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабинии идона намоиши китобҳои Пешвои миллат, осори ҳунарҳои дастӣ ва либосҳои миллӣ пешкаш гардид.


Дар фарҷоми ҳамоиш ба донишманди эронӣ Ҳония Муғонӣ, ки дар Озмуни байналмилалии мақолаи беҳтарин дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо» ба муносибати Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025  ҷойи 2-юмро ишғол намуда буд, аз номи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоизаи ин озмун супорида шуд.

Инчунин ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 9 сентябри соли 2025 аз соати 19.00 то 21.00 дар Маҷмааи “Бурҷи Озодӣ”-и шаҳри Теҳрон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши пайвастаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нурафшонӣ намуд.

Кормандони сафорат, намояндагони вазорати умури хориҷаи Эрон ва сокинону меҳмонони шаҳри Теҳрон ин рӯйдоди сиёсиву фарҳангиро, ки бозтоби равобити ҳасанаи ду мамлакати дӯст аст, мушоҳида намуданд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Эрон

Сентябрь 10, 2025 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 88-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Таҳкими шарикӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд
Дар Вена ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи Австрия баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо амири минтақаи Қаcими Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баррасӣ гардид