Дар Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион тонна ангишт истихроҷ карда шуд
ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз истихроҷи беш аз 1,5 миллион тонна ангишт дар 8 моҳи соли равон дар мамлакат иттилоъ медиҳад.
Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 55 ҳазор тонна зиёд мебошад. Гуфта мешавад, ки дар ин давра аз ҷониби 16 корхона дар 13 кон ангишт истихроҷ карда шудааст.
Фурӯши ангишт бо назардошти бақияи соли сипаригардида беш аз 1,3 миллион тоннаро ташкил дод. Бақияи ангишт дар анбори корхонаҳои соҳа бо назардошти бақияи ангишти соли 2024 964,0 ҳазор тонна мебошад.
Дар ин давра 678,5 ҳазор тонна ангишт ё 45 фоиз аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ ва 868,7 ҳазор тонна ё 55 фоиз аз тарафи корхонаҳои хусусӣ истихроҷ карда шудааст.
Аз ҳаҷми ангишти истихроҷгардида 618,0 ҳазор тонна ё 39 фоиз ба таврӣ кушод ва 929,3 ҳазор тонна ё 61 фоиз ба таврӣ зеризаминӣ истихроҷ гардидааст.
Дар ин давра фурӯши ангишт бо назардошти бақияи соли 2024 беш аз 1,3 миллион тонна, аз ҷумла ба Маркази барқу гармидиҳӣ-2 –и шаҳри Душанбе 599,7 ҳазор тонна рост меояд. Инчунин дар ин давра ба хориҷи мамлакат 307,8 ҳазор тонна ангишт содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 248,6 ҳазор тонна ба маблағи 10,1 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад.
Алҳол дар корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт 758 техникаи махсуси карйерӣ фаъолият дошта, шумораи кормандони ин корхонаҳо ба 2423 нафар мерасад.
Бо мақсади ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ барои сохтмони
корхонаи коркарди ангишти коксшавандаи «Фон-Яғноб», истеҳсоли кокс ва истеҳсоли антратсит аз кони «Назар-Айлоқ» аз ҷониби
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои давлатҳои Русия, Чин, Узбекистон ва кишварҳои Аврупо ба протокол ва нақшаи чорабиниҳои комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ
пешниҳодҳои асоснок ворид карда шудаанд, ки дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд.
АКС аз манбаъҳои боз








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






