Дар Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли 2025 шумораи мусофиркашонӣ тавассути нақлиёт 10,2 фоиз афзудааст
ДУШАНБЕ, 29.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳҳои январ-августи соли 2025 шумораи мусофиркашонӣ тавассути нақлиёт нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 10,2 фоиз зиёд аст. Яъне, тавассути ҳама намуди нақлиёт ба зиёда аз 695,3 миллион нафар мусофирон хизмат расонида шудааст. Дар ин хусус Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мувофиқи маълумоти Агентии омор, давоми 8 моҳи соли 2025 мусофиркашонӣ бо нақлиёти хушкигард дар ҷумҳурӣ нақши муҳим дорад. Ин аст, ки таносуби он 99,9 фоизи ҳаҷми умумии мусофиркашонии ҳама намуди нақлиётро ташкил медиҳад.
Дар ин давра инчунин бо нақлиёти автомобилӣ (вазорату идораҳо, корхонаю ташкилоти ҳама шаклҳои моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд, соҳибкорони хусусӣ) 679,7 миллион мусофирон кашонида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 10,4 фоиз зиёд аст.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид






