Дар Тоҷикистон саршумори ҳайвоноти нодир афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 18.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди Тоҷикистон давоми 10 соли охир тибқи ҳисоботи коршиносони ватанию хориҷӣ саршумори ҳайвоноти нодир, аз ҷумла морхӯр аз 1900 ба 6827 сар, Марко Поло аз 20 ҳазору 419 ба 29 ҳазору 43 сар ва бабри барфӣ аз 350 ба 500 сар афзоиш ёфтааст. Ин омор 17 сентябр зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид. Метавон ёдовар шуд, ки соли 2023 бо пешниҳоди Тоҷикистон Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ки тибқи он ҳар сол 24 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии морхӯр ҷашн гирифта мешавад.
Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот бо мақсади дақиқ муайян намудани раванди зиёдшавии ҳайвоноти нодир дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла бабри барфӣ, морхӯр ва архар ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат баҳисобгирии воқеии ин ҳайвоноти нодирро анҷом дода, аз натиҷаи он ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ супориш дода шуд, ки дар асоси маълумоти Китоби сурх дар самти барқарору афзун намудани саршумори ҳайвоноти нодир ва захираи олами наботот ба таври самаранок фаъолият намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






