Дар Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмию амалӣ ва Фестивал-намоиши гӯсфанди ҳисорӣ доир мешавад

Сентябрь 8, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 08.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар шаҳри Ҳисор Симпозиуми байналмилалии илмию амалӣ ва Фестивал-намоиши гӯсфанди Ҳисорӣ доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар Симпозиуми байналмилалии илмию амалӣ оид ба рушди соҳаи чорводорӣ хусусияти ирсию маҳсулнокии зоти гӯсфандони ҳисорӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, 7 — 8 июли соли 2025 дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия ҷаласаи гурӯҳи илмию машваратии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар он гӯсфанди зоти ҳисорӣ, ангури гулобии тоифӣ ва дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуданд.

Яке аз намудҳои чорвое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон парвариш ёфтаю дар ҷаҳон номдор аст, ин гӯсфанди зоти ҳисорӣ-калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад. Гӯсфанди ҳисорӣ зоти тоҷикии аслӣ буда, таърихи пайдоишаш ба давраҳои дур рафта мерасад. Гӯсфанди ҳисорӣ — зоти дуруштпашму дунбакалони маҳаллӣ аст. Ин гӯсфандро барои гӯшту равған парвариш менамоянд ва пайдоишу парвариши он аз водии Ҳисор ибтидо гирифтааст.

Саршумори асосӣ ва зоти беҳтарини гӯсфанди ҳисорӣ дар Тоҷикистон мавҷуд буда, бештар дар водии Ҳисор ва вилояти Хатлон парвариш карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 8, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид