Дар Узбекистон ба шарафи 34-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон барномаи фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон хабар доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Узбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода изҳор дошт, ки истиқлол дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург ва сарнавиштсоз буд. Истиқлол шарафу номуси ҳар миллати озодандешу соҳибхирад, соҳибтамаддуну бофарҳанг ва соҳибэҳтирому донишманд аст.
Иброз гардид, ки давоми 34 соли истиқлол Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳамаи самтҳо ҳамкорӣ ба роҳ монда, дӯстӣ, ҳамҷиҳатӣ ва якдилии байни халқҳоро мустаҳкам намуд.
Президенти Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамоянд, ки мардум зиндагии шоиста ва орому осуда дошта бошанд. Дастоварди бузургтарини мо давоми 34 соли истиқлол барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими худшиносию худогоҳӣ, болоравиии ҳисси ватандӯстӣ дар байни табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон, кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон мебошад.
Бешубҳа, истиқлол рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он аст. Президенти Тоҷикистон иброз доштаанд, ки «имрӯз мардуми шарифи мамлакат хуб дарк менамоянд, ки ҳама пешравиҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз баракати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ба даст омадааст».
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон








Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд






