Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳхат гирифт

Сентябрь 25, 2025 09:13

ДУШАНБЕ, 25.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «С» бо чемпиони чоркаратаи Осиё — Ҷопон рӯ ба рӯ шуд. Бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи ҷопониҳо ба поён расид.

Ба ин тартиб, дастаи миллии Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар гурӯҳи «С» мақоми дуюмро касб кард ва ба қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026, ки дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат гирифт.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Сентябрь 25, 2025 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд