Доир ба масоили равобити геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ дар доираи лоиҳаи CASA-1000 конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Сентябрь 15, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 15.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои равобити геоиқтисодию геосиёсии Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи САSA-1000 имрӯз дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар конференсия дар мавзуъҳои «Ҳамкории илмию фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи CASA – 1000», «Осиёи Марказӣ дар низоми манфиатҳои геосиёсии лоиҳаи CASA – 1000»,  «Дурнамои таъмини амнияти нақлиётӣ ва энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ», «Ташаббусҳои энергетикии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи лоиҳаи CASA – 1000», Нақши лоиҳаи CASA – 1000 дар истиқлолияти энергетикии Осиёи Марказӣ», «Нақши лоиҳаи CASA – 1000 дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳо маърузаҳо пешниҳод карда шуданд.

Конференсия барои дар амал татбиқ намудани муносибатҳои геоиқтисодию геосиёсии Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи CASA – 1000 равона шуда, инчунин ба баланд бардоштани сатҳи малакаи дониши ҷомеа ва таҷрибаи касбии мутахассисони соҳаи иқтисодиёт, сиёсат, муносибатҳои байналмилалӣ ва энергетика мусоидат намуд.

Зимни маъруза ва музокираҳо коршиносони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва олимону мутахассисон пешниҳодҳои мушаххаси худро  атрофи масъалаҳои баррасишаванда иброз намуданд.

Таъкид шуд, ки лоиҳаи CASA–1000 ҳамчун ташаббуси минтақавии энергетикӣ яке аз заминаҳои муҳими таҳкими ҳамгироии иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ва Покистон мебошад. Ин лоиҳа на танҳо аҳамияти энергетикӣ, балки арзиши стратегии геосиёсӣ низ дорад.

Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи CASA–1000 ҳамчун манбаи асосии неруи барқ муҳим буда, зарурати рушди инфрасохтори энергетикӣ, мукаммалсозии қонунгузорӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ бештар мегардад.

Ҳамкории минтақавӣ дар доираи лоиҳаи CASA–1000 метавонад барои рушди муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳои минтақа заминаи устувор гузошта, ба паст гардидани шиддатҳои эҳтимолии геосиёсӣ мусоидат намояд.

Таъкид шуд, ки бо вуҷуди монеаю масоили печида дар минтақа татбиқи лоиҳаи CASA–1000 мушкилоти энергетикии мамлакатҳоро то андозае бартараф менамояд. Он ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуда, рушди саноату сармоягузории давлатҳои минтақаро беҳтар мегардонад.

АКС: Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд