Дар бораи нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд

Сентябрь 6, 2025 19:30

ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр бо ташаббуси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти иҷро хабар доданд.

Сардори Хадамоти иҷро Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки «имрӯз истиқлолият бо шарофати роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рамзи нангу номуси миллӣ, манбаи ифтихор ва сарчашмаи худшиносиву худогоҳии ҳар фарди тоҷик табдил ёфтааст. Неруманд гардидани пояҳои давлатдорӣ, пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими амнияти миллӣ ва болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ натиҷаи заҳмату талошҳои хастагинопазир ва самараи меҳнатҳои шабонарӯзии Пешвои миллат маҳсуб мешавад».

Бояд ҳар фарди тоҷик аз неъмати истиқлолу озодӣ шукрона намояд ва бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба талошҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат қиматтарин ганҷинаи ноёби миллат — Истиқлоли давлатиро пос дошта, барои якпорчагии ватани маҳбуб, пойдории ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот ва муқаддасоти давлатӣ талош намояд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим истиқлолиятро калиди озодӣ ва рамзи бедории миллӣ арзёбӣ намуда, бо ишора ба нақши адабиёт дар пойдории истиқлолият иброз дошт, ки адабиёт ҳамеша сутуни маънавии давлатдорӣ ва шиносномаи руҳонии миллат будааст. Агар истиқлолият пояи сиёсию ҳуқуқии озодии давлат бошад, адабиёт маънавияту маърифати онро мустаҳкам месозад. Каломи шоир ва андешаи нависанда метавонад дар қалби миллат нур афканда, барояш роҳнамои маънавӣ бошад.

Дар ҷамъомад як зумра адибону шоирони мамлакат бо ҷоизаҳои адабии ба номи «Мирзо Турсунзода», «Садриддин Айнӣ» ва кормандони Хадамоти иҷро барои хизматҳои арзанда, масъулиятшиносӣ ва саҳми назаррас дар пешбурди сиёсати давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро бо мукофотҳои соҳавӣ, аз ҷумла «Корманди фахрии мақомоти иҷро», ифтихорномаҳо ва рутбаҳои дараҷавию тахассусӣ қадрдонӣ гардиданд.

Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ҷумҳурӣ ба чорабинӣ фазои идона бахшид.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!