Гӯсфанди хоҷагии «Сим-Сим» бо вазни қариб 190 кило сазовори «Шоҳҷоиза»-и Фестивал-намоиши «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» гардид

Сентябрь 22, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 22.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони беш аз 40 хоҷагии ҷамъиятию деҳқонӣ аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон беҳтарин намунаҳои зоти гӯсфанди ҳисорӣ, аз қабили қӯшқор, меш ва барраро дар Фестивал –намоиши ҷумҳуриявии «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ», ки дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, ба намоиш гузоштанд.Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Фестивал-намоиши ҷумҳуриявии «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» дар иртибот ба ворид гардидани дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» гузаронида шуда, ҳадафаш тарғиб ва муаррифии гӯсфанди зоти ҳисорӣ мебошад.

Дар доираи барномаҳои Фестивал-намоиши «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» деҳқонону кишоварзони Ҳисор намунаи меваю сабзавот, ҳунармандону кадбонуҳо маҳсули дастранҷи худ, аз қабили маҳсулоти дастидӯзӣ, бофандагӣ, хӯрокҳои миллӣ, қаноддӣ, инчунин ошпазҳо якчанд намуд таомҳои миллиро, ки аз гӯшти гӯсфанд омода гардида буданд, пешкаши меҳмонон – иштирокдорони фестивал намуданд.

Дар Фестивал-намоиши «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» қӯшқори наслии 5-сола аз хоҷагии чорводории «Сим-Сим» бо вазни зиндаи 189 килою 500 грамм ва бо қади 1 метру 4 сантиметр гаронвазтарин гӯсфанди зоти ҳисорӣ муайян ва сазовори «Шоҳҷоиза»-и фестивал: 20 ҳазор сомонӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки 18 сентябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки олимону намояндагони соҳаи чорводории Тоҷикистон, Русия, Беларус, Украина, Эрон, Чин, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Молдова Симпозиуми байналмилалии илмӣ-амалии «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» баргузор гардид. Дар он роҳҳои парвариш ва зиёд намудани саршумори гӯсфанди зоти ҳисорӣ баррасӣ гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Сентябрь 22, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд