Густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 08.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр дар шаҳри Бағдод мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ Фуод Ҳуссейн баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла таъмини амният, мубориза бо терроризм, тақвияти робита байни сохторҳои қудратӣ, таҳкиму рушди равобити сиёсӣ, амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, инчунин сайёҳӣ ва ҳамкории илмӣ-фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тарафҳо аҳаммияти анҷоми табодули сафарҳои ҳайатҳои соҳавӣ ва сатҳи олӣ, инчунин баргузории нахустин даври машваратҳои сиёсиро муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар рафти мулоқот ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ даъватнома ҷиҳати анҷом додани сафар ба Тоҷикистон супорида шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






